LIVE

Мбаппе:"Агар мунтахаби Фаронса бе ман хушбахттар бошад, ман меравам"

Ҳамлагари 22-солаи Фаронса ва «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе дар бораи бозӣ дар тими миллӣ пас Чемпионати Аврупо-2020 изҳори ақида кард.
«Ман ҳеҷ гоҳ аз  тими миллии Фаронса ягон евро наситонидаам ва ҳамеша дар тими миллии худ ройгон бозӣ хоҳам кард. Аммо пеш аз ҳама, ман ҳеҷ гоҳ намехостам мушкилӣ эҷод кунам. Дар як лаҳза, ман ҳис кардам, ки ба мушкилот мубаддал шуда истодаам ва одамони дигар низ чунин эҳсос мекарданд. Мегуфтанд, ки  сабаби мағлуб шудани тими миллии Фаронса, ман будам ва бе ман ин даста метавонист пирӯз шавад.
Муҳимтар аз ҳама тими миллии Фаронса аст ва агар тими Фаронса бе ман хушбахттар бошад, пас ман омодаам, ки равам.
Ман бо президенти Федератсияи футболи Фаронса Ноэл Ле Гре вохӯрдам, мо инро муҳокима кардем. Ман ба ӯ гуфтам, ки аз он норозӣ ҳастам, ки мардум маро барои пеналтии иҷронакардаам дар бозӣ бо Швейтсария "маймун" меномиданд. Ҳол он ки  ман инкор намекунам, ки ҷаримаи натавониста айби ман нест. ", - иқтибос меорад Мбапперо ба L'Equipe.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив