LIVE

Бензема дар Евро-2020 иштирок мекунад ё не?

Дирӯз яке аз довталабҳои асосии Евро-2020 дастаи мунтахаби Фаронса дар бозии санҷишӣ Булғористонро шикаст дод.  Дар “Стад де Франс” ду голи Жиру ва зарбаи зебои Антуан Гризманн фаронсавиҳоро пирӯз гардонид. Карим Бензема дар охири қисми аввал осеб бардошт.  Оё имкон дорад, ки бозгашти Карим ба тими миллӣ пас аз 6 сол ба таври расмӣ сурат нагирад?. Ҳамлагар осеби сабук бардоштааст ва метавонад зуд барқарор шавад. Осеби бардоштааш дар тими миллии Фаронса ӯро аз Ҷоми Аврупо маҳрум намекунад.  Дастаи Дидйе Дешам бозии аввалини худро танҳо рӯзи 15-уми июн бо тими миллии Олмон баргузор мекунад. Аз ин рӯ Карим як ҳафта вақт дорад, ки ба майдон баргардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив