LIVE

Карим Бензема пурсабртарин футболбози ҷаҳон аст

Ҳамлагари 33-солаи фаронсавӣ Карим Бензема беҳтарин бозигари мавсими солҳои 2020/21 дар Аврупо гардид. Дар овоздиҳӣ ӯ аз ҳамлагари аргентинии «Барселона» -Лионел Месси (20,1%) ва Роберт Левандовски аз «Бавария» -и Мюнхен (11,3%) райи бештарро ба даст оварда, бо (47,3%) мақоми аввалро соҳиб шуд. Ин ҳам дар ҳоле сурат гирифт, ки ҷанд рӯз қабл тими миллии Фаронса ҳайати худро эълон кард ва исми ҳамлагари "Реал" дар он дарҷ ёфтааст. Дешам баъд аз 6 сол дигарбора Каримро ба мунтахаби Фаронса даъват кард. Таҳлилгарони соҳа барон назаранд, ки даъват нашудани ин футболбоз характери сиёсӣ дошт. Зеро Карим Бензема ҳарчанд дар Фаронса таввалуд шудааст, аммо решаи алҷазоирӣ дорад ва ин боис шуда, ки ба мунтахаби кишвараш ҷалб намешавад.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2015 Бензема собиқ ҳамдастаи худ дар мунтахаби Фаронса Матйё Валбуэнаро таҳдид барон кардааст, ки агар маблағи калон надиҳад, пас наворҳои маҳрамонаи ӯро дар интернет расонаӣ мекунад. Тавре гуфта мешавад, тафтишотҳо Бенземаро ҳамчун роҳбари гурӯҳ муаррифӣ кардааст. Аммо то ба ҳол тафтишот исбот накардааст, ки дар ин кор ҳамлагар даст дорад ё не. 
Дар мавсими ҷорӣ Бензема дар ҳама мусобиқаҳо бо пероҳани “Реал Мадрид” 45 вохӯрӣ анҷом дода, 29 гол ва 8 партофти головар ба самар расонидааст. Месси дар 48 бозӣ 38 гол ва 14 партофт дорад, Левандовски дар 39 бозӣ 47 гол ва 9 партофти головар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив