LIVE

Карим Бенземаро 5 соли пушти панҷара таҳдид мекунад

Моҳи октябр дар Версал мурофиаи судии ҳамлагари “Реал Мадрид” - Карим Бензема ки барои таҳдиди собиқ ҳамдастааш гумонбар мешавад, сурат мегирад.  Дар ин бора матбуоти Фаронса хабар медиҳанд.  Дар соли 2015 Бензема собиқ ҳамдастаи худ дар мунтахаби Фаронса Матйё Валбуэнаро таҳдид барон кардааст, ки агар маблағи калон надиҳад, пас наворҳои маҳрамонаи ӯро дар интернет расонаӣ мекунад. Тавре гуфта мешавад, тафтишотҳо Бенземаро ҳамчун роҳбари гурӯҳ муаррифӣ кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, агар гуноҳи Карим собит шавад, вай панҷ сол зиндонӣ хоҳад шуд. Мурофиа аз 20-ум то 22-юми октябр баргузор мешавад. Маҳз ин омил боис шуда, ки ҳамлагари “Реал” ба мунтахаби Фаронса даъват намешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив