LIVE

Карим Бензема ба ҳайати мунтахаби Фаронса даъват шуд

Хадамоти матбуоти мунтахаби Фаронса дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Фаронса (FFF) дархости ҳайати дастаро ба чемпионати Аврупо оид ба футбол - 2020 нашр кард. Сармураббии яккачини Фаронса Дидйе Дешам ин навбат   бозигари Реал Карим Бенземаро  дохил кардааст.  Дархост   чунин аст: 
Дарвозабонҳо: Уго Ллорис (Тоттенхэм), Майк Менян (Лилл), Стив Манданда (Лион),
Ҳимоятгарон: Лука Дине (Эвертон), Лео Дюбуа (Лион), Преснел Симпембе (ПСЖ), Жюл  Кунде (Севиля), Клемент Ланглет (Барселона), Лукас Эрнандес, Бенҷамин Павар (ҳарду - Бавария), Рафаэл Варан (Реал Мадрид), Курт Зума (Челси).
Нимҳимоятгарон: Н'Голо Канте (Челси), Тома Лемар (Атлетико), Пол Погба (Манчестер Юнайтед), Адриен Рабио (Ювентус), Мусса Сиссоко (Тоттенҳэм Хотспур), Корентин Толиссо (Бавария).
Ҳамлагарон: Виссам Бен Йеддер (Монако), Карим Бензема (Реал Мадрид), Кингсли Коман (Бавария Мюнхен), Усман Дембеле, Антуан Гризманн (ҳарду Барселона), Оливйе Жиру (Челси), Килиан Мбаппе (ПСЖ), Маркус Турам (Боруссия M).
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Фаронса дар Евро-2020 дар баробари дастаҳои  Португалия, Германия ва Венгрия шомили гурӯҳи “F” мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив