LIVE

Роналду ва Месси ба Қатар мераванд

29-уми март бозии ниҳои даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 миёни дастаҳои мунтахаби Португалия ва Македонияи Шимолӣ баргузор шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими миллии Португалия анҷом ёфт.

Қаблан тими миллии Аргентина дар даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Амрикои Ҷанубӣ мақоми 2-юмро касб карда буд. Ҳамин тариқ, ҳамлагари тими мунтахаби «Манчестер Юнайтед» ва Португалия Криштиану Роналду ва ҳамлагари тими миллии «ПСЖ» ва Аргентина Лионел Месси дар Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар баромад мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол аз 21 ноябр то 18 декабри соли 2022 дар Қатар баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив