LIVE

Месси ду довталаби асосии Ҷоми ҷаҳонро номбар кард

Ҳамлагари тими Аргентина ва ПСЖ Лионел Месси яккачинҳои Бразилия ва Фаронсаро довталабони асосии пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳонии дарпешистода мешуморад.

"Дар мавриди фаворитҳо, дастаҳои бузурге ба мисли Бразилия, Олмон, Фаронса, Англия, Испания ҳастанд ва ман боварӣ дорам, ки баъзеро фаромӯш кардаам. Аммо агар ман  як ё дуторо зикр кунам, пас  бояд гуфт, ки Бразилия ва Фаронса ду номзади асосӣ барои пирӯзӣ дар ин Ҷоми Ҷаҳон ҳастанд",- иқтибос меорад RMC Sport аз суханони Месси.

Мессии 35-сола аввалин маротиба дар ҳайати тими миллии Аргентина соли 2005 баромад. Аз он вақт инҷониб дар 164 бозӣ ҳамлагар ба задани 90 гол ва 51 партофти головар кардааст. Ҳамлагар беҳтарин нишонзан дар таърихи тими миллӣ мебошад.

Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар аз 20 ноябр то 18 декабр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив