LIVE

The Guardian: Аргентина - фаворити ҶҶ-2022

Рӯзномаи англисии The Guardian фаворитҳои Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатарро муайян кардааст.

Нашрия ҳамчун фаворити асосӣ тими миллии Аргентинаро номбар мекунад. Муҳаррирони рӯзнома аз бозии аргентиниҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 ва инчунин пирӯзии калон бар Италия дар Финалиссима (3:0) илҳом гирифтаанд.

Пас аз Аргентина мунтахаби Бразилия қарор дорад, ки ба далели шикасти онҳо аз Аргентина дар финали Ҷоми Амрико-2021 каме поинтар аст. Дар зинаи сеюм Испания қарор дорад. The Guardian насли ҷавони бозигарони испаниро бо роҳбарии Педри ва Гави таъкид мекунад, аммо набудани ҳамлагари голзанро мушкилот номидааст.

Ба 10 фаворити беҳтарини Ҷоми ҷаҳон-2022 ҳамчунин дохил мешаванд: Нидерландия, Олмон, Фаронса, Дания, Белгия, Португалия ва Англия. Рейтингро тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ, Коста-Рика, Қатар, Австралия ва Арабистони Саудӣ ҷамъбаст мекунанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 аз 21 ноябр то 18 декабр дар Қатар баргузор мешавад. 14 июн  32 нафар иштирокчиёни мусобикаи дарпешистода муайян  шуданд. Охирин роҳхат ба Қатарро тими Коста-Рика, ки дар плей-офф тими Зеландияи Навро шикаст дод, ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив