LIVE

Мунтахаби Эквадорро аз ҶҶ-2022 барканор мекунанд

Тибқи иттилои Tyc Sports, ФИФА метавонад рӯзи 10 июн тасмими барканории тими миллии Эквадорро аз ширкат дар Ҷоми ҷаҳон-2022 эълон кунад.

Ҳамчунин, Mundo Deportivo бо истинод ба ТВ Azteca хабар медиҳад, ки ФИФА аллакай тасмим гирифтааст, ки Эквадор дар Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Қатар ширкат намекунад ва Чили ҷои ӯро ишғол менамояд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки вакили мудофеи тими миллӣ Эдуардо Карлеззо далел дорад, ки ҳимоятгари тими миллии Эквадор Байрон Кастилло колумбиягӣ аст, бинобар ин ӯ ҳақ надошт, ки дар тими миллии Эквадор бозӣ кунад. Адвокат шаҳодатномаи таваллуди Кастиллоро пайдо кард, ки нишон медиҳад, ки ӯ дар моҳи ноябри соли 1998 дар шаҳри Тумакои Колумбия таваллуд шудааст, на дар Эквадор.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар аз 21 ноябр то 18 декабр баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив