LIVE

«Реал» ФИФА-ро барои Гарет Бэйл қарздор кард

«Реал Мадрид» метавонад аз ФИФА барои ҷароҳати ҳамлагар Гарет Бэйл, ки дар бозии тими миллии Уэлс гирифта буд, пул бигирад, хабар медиҳад Marca. Соли 2019 ФИФА розӣ шуд, ки ба клубҳо ҷубронпулӣ пардохт кунад, агар бозигар ҳангоми иштирок дар тими миллии кишвар маҷрӯҳ шавад. Тибқи созишнома, ФИФА бояд барои ҳар як рӯзи набудани Бэйл 25,5 ҳазор евро пардохт кунад. Маблағи ҳадди ақал 7,5 миллион евро аст. Ёдовар мешавем, ки Бэйл дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо тими миллии Беларус (5:1) ширкат карда, дар танаффус иваз карда шуд. Баъдтар маълум шуд, ки бозигарро аз мушаки пояш осеб дидааст ва 2-3 ҳафта ба майдон намебарояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив