LIVE

Фаронса бидуни Пол Погба ба Ҷоми Ҷаҳон меравад

Бозигари дастаи "Ювентус" Пол Погба бо тими миллии Фаронса ба Қатар сафар карда наметавонад. 
Ба иттилои манбаъ, Погба бо мутахассис машварат хоҳад кард, то дар бораи табобати ҷароҳати зонуаш тасмим дуруст бигирад, зеро метарсад, ки ӯ баъд аз ҷароҳӣ дар Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2022 иштирок намекунад.
Ҳафтаи гузашта ҳангоми тамрин дар Лос-Анҷелес зонуи росташ осеб бардоштааст. Интизор мерафт, ки ӯ дар ИМА ҷарроҳӣ шавад, аммо ба ҷои ин ба Италия парвоз кард.
Ин дар он аст, ки ду роҳи эҳтимолии ин ҷароҳат вуҷуд дорад ва яке аз онҳо имкон медиҳад, ки ниммуҳофизатгар дар Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар иштирок кунад. Феълан Погба дар фикри ҳарчи зудтар сиҳат шудан аст, то Ҷоми Ҷаҳонро аз даст надиҳад. 
Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар аз 21 ноябр то 18 декабр баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив