LIVE

Қаҳрамони феълии Аврупо дар Ҷоми Ҷаҳон иштирок намекунад

Дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 миёни дастаҳои мунтахаби Италия ва Македонияи Шимолӣ бозии ниманиҳоӣ баргузор шуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1: 0 ба фоидаи македониҳо анҷом ёфт.
Ҳамин тариқ, шогирдони Роберто Манчини паиҳам дуюмин чемпионати ҷаҳонро аз даст медиҳанд. Дар соли 2018 итолиёиҳо дар Ҷоми ҷаҳонии Русия ширкат накарданд ва акнун аз Ҷоми ҷаҳонии Қатар низ маҳрум шуданд.
Дар чемпионати Аврупо - 2020 тими итолиёвӣ дар финал Англияро аз рӯи пеналтӣ шикаст дода, унвони қаҳрамониро ба даст овард.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив