LIVE

Шикасти ҳангомавии Олмон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон

Дар рақобати даври 3-юми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон- 2022 дастаи мунтахаби Олмон дар майдони худ тими миллии Македонияи Шимолиро қабул кард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1:2 хотима ёфт. Олмон дар таърихи сабқати интихобии Ҷоми Ҷаҳон танҳо севумин шикасти худро ба қайд гирифт. Чунин натиҷа дар бозӣ бо тими миллии Португалия (0:1) дар соли 1985, бо Англия (1:5) дар соли 2001 ва ҳамакнун бо Македонияи Шимолӣ (1:2) ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тариқ, рекорди ҷаҳонӣ оид ба силсилаи тӯлонитарин ғалаба дар бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон қатъ шуд. Шогирдони Йоахим Лёв пай дар пай 18 ғалаба ба даст оварданд ва силчилабозиҳои бидуни бохти ин мунтахаб ба 35 бозӣ расида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив