LIVE

Олмон силсилаи бозиҳои бебохти 20 солаи худро хотима бахшид

Дар доираи бозиҳои даври сеюми марҳилаи интихобии ЧҶ-2022 дар қитъаи Аврупо дар гурӯҳи J мунтахаби Олмон   дар майдони худ тими миллии Македонияи Шимолиро пазируфта, бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хурд.  Дар 45 дақиқаи  қисмати аввали бозӣ  ҳисоб кушода нашуд. Танҳо др дақиқаҳои иловагии нимаи якум ба  ҳамлагари  Македония Горан Пандев муяссар гардид, то  ба задани гол даст ёбад.   Дар дақиқаи 63-юм довар ба дарвозаи меҳмонон пеналтӣ таъйин намуд, ки Илкай Гюндоган онро  бо муваффақият вориди дарвоза гардонид.  Дар дақиқаи 85-ум  Элиф Эмас   голи ғалабаовари тимашро марбути номи   худ кард.  Баъди  ин шикаст олмониҳо  силсилаи бозиҳои бебохти худро дар  марҳилаҳои интихобии ЧҶ, ки 20 солро ташкил медод, барҳам доданд.Охирон маротиба  Олмон  соли 2001 аз дастаи Англия (1:5)  мағлуб гардида буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив