LIVE

Арабҳо "Ливерпул"-ро € 4,9 млрд хариданианд

Dubai International Capital, бахши сармоягузории Dubai Holding, конгломерат ва фонди ҷамъиятии ҳукумати Дубай ва оилаи ҳокими он, харидани "Ливерпул"-ро  баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад Mirror.

Ба гуфтаи манбаъ, маблағи муомила метавонад тақрибан 4,9 миллиард евроро ташкил диҳад. Инчунин хабар дода мешавад, ки ширкати зикршудаи арабӣ дар соли 2007 аллакай даъвои харидории «Ливерпул»-ро карда буд, вале пешниҳоди беш аз 300 миллион евро рад шуд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан роҳбари ширкати Fenway Sports Group ва соҳиби «Ливерпул» Ҷон Ҳенри нархи фурӯши тимро гуфта буд. Америкоӣ ҳозир аст, ки дастаро 4,6 миллиард евро фурӯшад.

Ҷон Ҳенри “Ливерпул”-ро соли 2010 ба даст овард. Дар давраи ӯ клуб ғолиби Лигаи Чемпионҳо (2019), Премйер-Лигаи Англия (2020), Суперҷоми УЕФА (2019), Ҷоми Англия (2022), Суперҷоми Англия (2022), Ҷоми Лигаи Англия (2012, 2022) шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив