LIVE

"Нюкасл Юнайтед" клуби арабҳо шуд

Соҳибмулки нави дастаи "Нюкасл Юнайтед" Фонди давлатии сармоягузории ҳукумати Арабистони Саудӣ (PIF– Public Investment Fund) шуд.
"Мо ният дорем, ки дар бошгоҳ як марҳилаи тиллоии навро ҷорӣ кунем, ҳадафи возеҳ гузорем ва ба роҳбарият кумак кунем, ки бо "Нюкасл Юнайтед" ба натиҷаҳои назаррас даст ёбем. Ҳадафи мо орзуи мухлисони хешро амалӣ намудан аст. Мо мехоҳем, ки беҳтарин дастаи ҷаҳон шавем”, - гуфта шудааст дар мактуб.
Ёдрас мекунем,ки Фонди давлатии сармоягузории ҳукумати Арабистони Саудӣ (PIF– Public Investment Fund) тақрибан 80% саҳмияҳои “Нюкасл Юнайтед”-ро ба даст овард. Ба гурӯҳи сармоягузорӣ инчунин PCP Capital Partners ва RB Sports & Media шомиланд. Қаблан роҳбари клуби англисӣ миллиардер Майк Эшли буд, ки тибқи сарчашмаҳо  қарордоди фурӯши “Нюкасл”-ро бо арзиши 350 миллион евро амалӣ намудааст. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ ин ширкати бузурги арабӣ, ки аз лиҳози молявӣ дар ҷаҳон маъруф аст, хостори харидории "Нюкасл Юнайтед"-ро карда буд, аммо Премйер лигаи Англия ба ин муомилот розигӣ надода буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив