LIVE

Салоҳ гаронарзиштарин футболбози "Ливерпул" мешавад

"Ливерпул" бо ҳамлагар  Муҳаммад Салоҳ шартномаи нав мебандад. Ба иттилои сарчашмаҳои хабарӣ Салоҳ метавонад гаронарзиштарин бозигар дар таърихи "Ливерпул" шавад.  Ӯ тақрибан 233 ҳазор евро дар як ҳафта маош мегирад. 
Созишномаи феълии ҳамлагари 29-солаи мисрӣ то июни 2023 ҳисоб карда мешавад. Муҳаммад бо дастаи англисӣ то соли 2023 шартнома дорад, аммо ҷонибҳо онро барои ду соли дигар тамдид кардан мехоҳанд.
Салоҳ соли 2017 ба "Ливерпул" омада буд.  Дар ҳайати сурхпӯшон футболбоз ғолиби Премйер Лигаи Англия шуда, Лигаи Чемпионҳо ва чемпионати ҷаҳон байни клубҳоро низ ба даст овард.

Next Post

Комментарии 2

Эхсон
Эхсон от 20 августа 2021 09:47
Салох  тақрибан 233 миллион евро дар як ҳафта мегирад ё 233 хазор евро?
Usmon от 20 августа 2021 14:24
233 ҳазор евро!

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив