LIVE

Соҳибмулкони "Ливерпул" клубро мефурӯшанд. Тақдири Клопп ва шогирдони ӯ чӣ мешавад?

Ба зудӣ бошгоҳи футболи «Ливерпул» метавонад соҳибони худро иваз кунад. Fenway Sports Group, ки соҳибмулки даста ба ҳисоб меравад,  аллакай барои довталабон муаррифномаи клубро омода кардааст. 
Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ сабаб Fenway Sports Group (FSG) тасмим гирифт, ки клубро фурӯшад. Дар изҳорот онҳо далели эҳтимолии фурӯши клубро тасдиқ мекунанд ва гуфтаанд, ки соҳибмулки навро  бодиққат интихоб мекунанд. Ва умуман онҳо метавонанд клубро нафурӯшанд.
"FSG зуд-зуд дархости шахсони хоҳишмандро, ки мехоҳанд саҳмияҳои “Ливерпул”-ро харидорӣ намоянд, қабул мекунад.  FSG қаблан изҳор дошт, ки дар шароити мувофиқ, мо саҳмдорони навро баррасӣ хоҳем кард, агар он ба манфиати “Ливерпул” мувофиқ бошад. 
Эҳтимол меравад, ки фурӯхтани бошгоҳи дигари инглисӣ «Челси» соҳибони «Ливерпул»-ро ба чунин қадам тела дод. Онро як соҳибкори амрикоӣ бо сардории Тодд Боли ба маблағи 4,25 миллиард фунт стерлинг харидааст, ки рекорди нав аст. Дар ниҳоят, FSG дар моҳи апрели соли 2021 аз фурӯши “Ливерпул” ба харидорон аз Ховари Миёна ба маблағи 3 миллиард фунт рад кард.
Соҳиби асосии FSG Ҷон Ҳенри мебошад. Ширкати ӯ дар соли 2010 “Ливерпул”-ро ба даст овард. Дар ин муддат, даста бори аввал дар таърихи худ ғолиби Премйер Лигаи Англия шуд. (аз замони тағйир додани номи чемпионати Англия даста боре ҳам пирӯз нашуда буд). Инчунин Лигаи Чемпионҳоро низ ба даст овард. Илова бар ин, варзишгоҳи «Энфилд» таъмир гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив