LIVE

Конор гуфт, ки бо чӣ миқдор пул "Челси"-ро харидорӣ мекунад

Қаҳрамони собиқи UFC дар ду вазн, размгарӣ ирландӣ Конор Макгрегор ба маълумот дар бораи фурӯши "Челси" вокуниш нишон дод. Қаблан тоҷири рус Роман Абрамович эълон карда буд, ки дороиеро, ки аз соли 2003 дар ихтиёр дошт, мефурӯшад. Макгрегор бо як паёми худ иқрор шудааст, ки Абрамович омода аст, ки “Челси”-ро ба маблағи 3 миллиард фунт фурӯшад.
"Ман барои дастаи  “Челси” 1,5 миллиард фунт стерлинг пешниҳод мекунам" гуфт МакГрегор дар Твиттер.
Дар замони раҳбарии Абрамович, лондониҳо панҷ карат қаҳрамони Англия шуданд, ду маротиба ғолиби Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо, барандаи Суперҷоми УЕФА, панҷ маротиба Ҷоми Англия, се маротиба Ҷоми Лига ва ду маротиба Суперҷоми Англия шуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив