LIVE

Абрамович “Челси”-ро ба 3 миллиард доллар нафурӯхт

Тибқи хабаргузории “The Wall Street Journal” соҳибмулки бошгоҳи “Челси”, миллиардер Роман Абрамович аз инвестори амрикоӣ ва шарикмулки бошгоҳи бейсболии “Лос – Анҷелес Доҷерс” Тодда Боэли пешниҳоди фурӯши бошгоҳашро дарёфт намуд. Пешниҳоди мазкур 3 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст. Аммо ин маблағи ҳангуфт низ тоҷири русро қаноатманд нагардонид. Аммо дар назар аст, ки гуфтушунидҳо байни тарафҳо идома хоҳад ёфт. Қаблан хабар пахш шуда буд, ки Абрамович аз идеяи фурӯши “Челси” даст кашидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив