LIVE

Моуринйо меҳмони Макгрегор шуд

Собиқ қаҳрамони  UFC  Конор Макгрегор  бо сармураббии бошгоҳи "Рома" Жозе Моуринйо  вохӯрд. Макгрегор барои якчанд дӯстони наздик зиёфате ташкил кард, Моуринйо дар байни меҳмонони фахрӣ ҳузур дошт.  Португалӣ ба Макгрегор пероҳани клуби худро бо рақами 10 тақдим кард ва инчунин машруботи истеҳсоли ширкати Конорро чашид. 
“Бале, ин аст! Бале, Конор Макгрегори бузург ҳоло дар Рум аст. Вохӯрӣ бо ӯ, гуфтани баъзе ҳикояҳо ва ба ӯ пешниҳод кардани зеботарин футболкаи шаҳр - пероҳани "Рома" хеле хуш буд. Ба Конор рад кардан ғайриимкон аст, маҷбур шудам вискии ӯро бичашам. Дастон!" - навиштааст Моуринйо дар Инстаграм.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив