LIVE

Моуринйо бо рӯзноманигорон ҷанҷол кард

Сармураббии "Рома" Жозе Моуринйо пас аз бозии даври 6 -уми Серияи А бо "Латсио" (2:3) нишасти матбуотиро пеш аз муҳлат ба анҷом расонд, хабар медиҳад Football Italia. Мутахассиси португалӣ ҳангоми нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон ҷанҷол кард ва дар ҳолати хашмгин аз утоқ берун шуд. Сабаби муноқиша байни Моуринйо  ва намояндагони ВАО то ҳол хабар дода нашудааст.

Пас аз бозӣ Моуринйо доварро танқид кард. Вай изҳор дошт, ки дербии римро довар ва VAR вайрон карданд. Илова бар ин, Моуринйо гуфт, ки дастаи ӯ нисбат ба рақиб беҳтар бозӣ кардааст.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив