LIVE

Моуринйо маротибаи сеюм сармураббии “Челси” мешавад

Бино ба иттиллои расонаи хабарии The Sun дастаи лондонӣ дар симмати сармураббигӣ ба ҷои Маурисио Сарри мутахасиси дигарро меҷуяд. Аз рӯи шунидаҳо Сарри рӯзҳои наздик ба Турин меравад ва фаъолияти минбаъдаашро дар дастаи “Ювентус” идома медиҳад. Номзади асосӣ барои ивази Сарри дар “Челси” ин Жозе Моуринйо мебошад. Мутахасиси 56 солаи португалиро дирӯз ҳамроҳ бо агенти худ дар хиёбонҳои шаҳри Лондон мушоҳида кардаанд. Аз ин рӯ рӯзноманигорон ҳадс бар он мезананд, ки шояд Ӯ маротибаи сеюм дар дастаи ашрофзодаҳо ба ҳайси сармураббӣ кору фаъолият намояд. Жозе Моуринйо қаблан ду маротибаи дигар дар дастаи мазкур ба сифати сармураббӣ фаъолият бурдааст. 

 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив