LIVE

Жозе Моуринйо тарки "Тоттенхэм" кард

"Тоттенхэм Хотспур" дар сомонаи расмии худ аз барканор шудани  Жозе Моуриню аз вазифаи сармураббии даста хабар дод. Якҷоя бо мураббӣ, ёварони ӯ ҳам дастаро тарк карданд.
Дар панҷ бозии охир “Тотенхэм” танҳо як ғалаба ба даст оварда, ду бор мағлуб гаштааст ва ба 2 бори дигар мусовӣ кардааст. То ба анҷом расидани мавсим шаш даври дигар боқӣ мондааст, ки ин дастаи шаҳри Лондон дар ҷадвали Премйер Лига ҳафтум аст. Расонаҳо менависанд, ки Моуринйо аз   ширкат  дар Суперлигаи Аврупо даст кашид. Чун "Тоттенхэм" узви ин  созмон гардид, мутахассиси португалӣ истеъфо дод.
Моуриню тирамоҳи соли 2019  ба ҷойи Маурисио Почеттино, ки бинобар бад оғоз шудани мавсим аз вазифа сабукдӯш шуда буд,  сармураббии “Тоттенҳэм” таъйин шуда буд. Таҳти роҳбарии мутахассиси португалӣ, даста дар чемпионати Англия ҷойгоҳи шашумро ишғол кард ва ба Лигаи Аврупо баромад ва дар  он ҷо дар даври 1/8 ниҳоӣ аз Динамо Загреб мағлуб шуд.
То “Тоттенхэм”, Моуриню дар дастаҳои “Манчестер Юнайтед”, “Челси”, “Реал Мадрид”, “Интер” ва “Порту” кор мекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив