LIVE

“Тоттенхэм” ба Моуриню 30 млн пардохт мекунад, агар...

Сармураббии “Тоттенхэм” - Жозе Моуриню эҳтимол ҳадди ақал то охири мавсим дар вазифааш мемонад. Тибқи иттилои ESPN, барканории мутахассиси португалӣ барои бошгоҳи лондонӣ 30 миллион евро зарар меорад. Сардори “Тоттенхэм” - Даниэл Леви мехоҳад то охири мавсими солҳои 2020/2021 интизор шуда, дар бораи ояндаи Моуриню баъд аз анҷоми мавсими нав тасмим бигирад. Тибқи иттилои манбаъ, мутахассиси 58-сола ба он хотир даъват шудааст, ки таҳти роҳбарии ӯ “Тоттенхэм” ба гирифтани ҷоизаҳо даст ёбад. Ин тими лондонӣ сар аз  соли 2008 инҷониб соҳиби ҷойза нагардидааст. Шартномаи Жозе Моуриню бо “Тоттенхэм Хотспур” то 30 июни соли 2023 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив