LIVE

Гаронарзиштарин бозигари «Тоттенхэм» аз Моуриню ранҷид

Ниммуҳофизатгари «Тоттенхэма» - Танги Ндомбеле ба сармураббӣ  Жозе Моуриню гуфтааст, ки зери роҳбарии ӯ дигар ба майдон намебарояд. 
Тобистони гузашта футболбзи тими миллии Фаронса аз дастаи  «Лион» бо арзиши 72,5 млн евро ба ин бошгощи лондонӣ гузариш намуда буд. Ин гаронарзиштарин гузариш дар таърихи «Тоттенхэм» маҳсуб мешавад. Бозигари 23-ро Маурисио Почеттино ва ҳамакнун Моуриню низ ба ҳайат ҷалб намесозанд. Мутахассиси португалӣ пайваста аз фаъолияти варзишии ӯ шикоят мекунад. 
Ба иттилои ESPN рӯзи 22 июн ҷанги лафзии  Моуриню ва  Ндомбеле ба авҷи баланди худ расид ва  мураббӣ бо футболбоз ҷанҷоли худро дар утоқи корӣ идома доданд. Ба иқрори сарчашма Ндомбеле ба Жозе гуфтааст, ки то он замоне, ки ту аз мақоми сармурабии ин тим наравӣ ман ба майдон намебароям. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив