LIVE

Роуз: Моуриню ба ман имконият надод

Муҳофизатгари «Тоттенхэм Хотспур» - Дэнни Роуз, ки ба дастаи  «Нюкасл Юнайтед» ҳамчун бозигари иҷоравӣ гузариш кард, гуфтааст, ки ба ӯ Жозе Моуриню имконияти бозӣ надод.

«Ман эҳсос кардам, ки чунин имконияте, ки ба дигар муҳофизатгарон дода шуд, надоштам. Воқеан ҳам ман мехостам зери роҳбарии ӯ бозӣ кунам. Бо гузашти як моҳ аз интихоби сармураббии нав дарк кардам, ки дигар бозӣ нахоҳам кард.  Тамринҳо мушкил мегузаранд  вақте, ки ворди  майдон нашудани хешро медонӣ», — иқрор шудааст Роуз ба  BBC.

Мӯҳлати иҷораи Роуз бо «Нюкасл» то охири мавсим пешбинӣ шудааст. Роуз аз соли 2007 инҷониб бозигари «Тоттенхэм» мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив