LIVE

Жозе Моуринйо шогирдашро назди худ овард

  Сомонаи расмии дастаи “Рома” аз гузариши ҳамлагари  дастаи «Челси» Тэмми Абраҳам хабар дод. Тибқи итиллои манбаъ қарордод байни даста ва бозигар то соли 2025 муҳлат дорад. Бояд гуфт, ки римиҳо барои харидории бозигар ба хазинаи “Челси” 40 млн евро пардохт карданд. Ҳамзамон, дастаи шаҳри  Лондон имкони бозпас гирифтани  бозигарро ба маблағи 80 миллион евро хоҳад дошт, ки он то июни 2023 эътибор дорад. Дар мавсими 2020/2021 Абраҳам дар 32 бозии дастааш ширкат намуда, ба задани 12 гол даст ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки Тэмми Абраҳам ба назди устодаш Жозе Моуринйо рафт, ки қаблан мутахассис дар “Челси” ба ӯ тамрин медод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив