LIVE

Роман Абрамович “Челси”-ро ба фурӯш гузошт

Соҳибмулки клуби футболи “Челси”-и шаҳри Лондон Роман Абрамович дастаро ба фурӯш гузоштан мехоҳад. Тибқи иттилои The Telegraph барои ба даст овардани клуби футболӣ айни замон се тоҷири машҳур бо ҳам рақобат доранд. Абрамович бояд то охири ҳафта яке аз ин се пешниҳодотро қабул менамояд. Пештар аз ин роҳбарияти даста эълон карда буданд, ки хоҳони ба фурӯш гузоштани клуб нестанд, вале барои Абрамович ба ҷуз аз фурӯши клуб дигар чорае боқӣ намондааст.
То рӯзҳои охири ҳафта эҳтимоли ба таҳримот фаро гирифтани Роман вуҷуд дорад ва он метавонад барои фурӯши клуб душвориҳоро эҷод намояд. Аз ин хотир ҳам роҳбарият ва ҳам харидорон мехоҳанд ин масъаларо ҳарчӣ зудтар ҳаллу фасл намоянд то дучори мушкилӣ нашаванд.
Чанде пеш барои ба даст овардани дастаи лондонӣ савдогарон 2,2 миллион фунт пешниҳод карда буданд, ки ин пешниҳодотро Абрамович рад карда буд.
Абрамович барои бошгоҳи худ 3 миллиард долар талаб дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив