LIVE

Лэмпард дар бораи аз «Челси» озод шуданаш гуфт

Собиқ футболбоз ва сармураббии дастаи “Челси” Фрэнк Лэмпард баъди аз ҳайати “ашрофзодагон” озод шудаанаш, аввалин мусоҳибаи худро бо рӯзноманигорон иброз дошт. Мутахассиси англис аз танқид намудани соҳибмулки бошгоҳ Роман Абрамович худдорӣ намуда, давраи роҳбарияшро дар ин бошгоҳи лондонӣ “таҷрибаи боварнокарданӣ” номид. 

Лэмпард ақидаҳояшро бо хабарнигори Daily Mail чунин иброз намуд:

“Ман имконияти дар пешам гузошташуда, ки роҳбарияти “челси”-ро ба ӯҳда доштам, миннатдорам. Ин давраи бениҳоят беҳтарини ман буд ва ҳама огоҳанд, ки ман бо бошгоҳ чӣ гуна муносибат доштам. Аз вақти дубора фаъол гаштани футбол баъди таваққуфи пандемияи СОВИД-19 то ҳангоми аз сармураббигӣ сабукдӯш гаштанам, мо бозиҳои бе тамошобин доштем. Ман мухлисонро хело пазмонам. Ҳамчун собиқ бозингар, ман набудани мухлисонро эҳсос мекунам, зеро набуданашон ба рафти бозиҳо низ таъсир мерасонад. Футбол дар ҳаёти ман мавқеи хосса дошта, маро ба пуррагӣ дар худ фаро гирифтааст. Аввал ҳамчун футболбоз, пасон ҳамчун мураббӣ.

Ҳеҷ кас намехоҳад бе кор монад, аммо дар ибтидои фаъолият чунин ҳолатҳо мешаванд, новобаста аз он, ки шумо коргари хуб ҳам бошед. Сабукдӯш шудан, барои ман вақти бисёре барои дар хона бо оила монданро муҳаё намуд. Барои ман дар муддати ду моҳи охир пешниҳодҳои зиёде шуданд, ки ҳамагӣ пешниҳодҳои хуб ҳам буданд, аммо на ҳамаи онҳо барои тасмимгирӣ барои фаъолияти минбаъда дурустанд.”

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив