LIVE

Лэмпард: «Бавария» аз мо пурқувват буд

Сармураббии дастаи лондонии «Челси» - Фрэнк Лэмпард бохти шогирдонашро дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо аз  «Бавария» (0:3) шарҳ дод. 

«Мо бисёр бад бозӣ кардем. Баъзан бояд ҳақиқатро ошкоро гуфт „Бавария“ аз ҳама лиҳоз назар ба мо пурқувват буд. Маҳз чунин сатҳи олии бозӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳар сол барои ҷоми Лигаи қаҳрамонҳо ва Чемпионати Олмон талош варзанд. Ман аз сабабе, ки бозиамон хуб доир нашуд, дар ғазабам. Мо ин бохтро сахт қабул кардем ва барои ислоҳаш кори худро идома медиҳем. 
Бозигарони мо аз коре, ки нисабаташон «Бавария» дар майдон кард, хулосабарорӣ бояд кунанд. Маҳз бо ин роҳ онҳо сатҳи бозии худро беҳтар карда метавонанд. 
Ҳоло ман аз он нигаронам, ки то бозии ҷавобӣ мо метавонем барқарор шавем ё не?, зеро дар пеш даври навбатии ПЛА интизор аст», 
— иқрор шудааст Лэмпард ба ВВС.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив