LIVE

Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, дар он бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ хоҳад кард. Чемпионати Осиё байни наврасон аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар қуръакашӣ, ки имрӯз, 26 октябр дар Тошканд баргузор шуд, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ – «А», «В», «С» и «D» тақсим шуданд.  Ҳар як гурӯҳ аз чаҳор дастаӣ иборат аст.

Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба чемпионати  ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола:

Гурӯҳи «А»: Ӯзбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.

Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Уммон.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив