LIVE

Тоҷикистон мизбони бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 интихоб шуд

Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро эълон кард, ки тирамоҳи соли ҷорӣ бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20)-ро мизбонӣ мекунанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола, ки аз 1 то 9-уми октябр баргузор мешавад. Даҳ кишвар – Австралия, Бангладеш, Индонезия, Урдун, Қирғизистон, Уммон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Ветнам мизбон интихоб шуданд. Дар ин мусобиқа даҳ гурӯҳ ташкил мешавад: шаш гурӯҳ иборат аз чор дастаӣ ва чор гурӯҳ аз панҷ дастаӣ.
Ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё байни наврасон, ки аз 3 то 20 майи соли 2023 дар Баҳрайн баргузор мешавад, ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дувумро гирифтаанд, роҳ меёбанд.
Баҳрайн, Индонезия, Ироқ, Урдун, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Уммон, Арабистони Саъудӣ ва Тоҷикистон мизбонии гурӯҳҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 20 соларо ба уҳда  мегиранд. Мусобиқаи интихобӣ аз 10 то 18 сентябр баргузор мешавад. Тибқи қуръакашӣ 44 даста ба даҳ гурӯҳ тақсим мешаванд: шаш гурӯҳи чаҳор дастагӣ ва чаҳор гурӯҳи панҷ дастагӣ.
Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро гирифтанд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1-ум то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив