LIVE

Имрӯз мунтахаби Тоҷикистон ҳарифони худро дар Ҷоми Осиё-2023 муайян месозад

24 феврал, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад ва дар паи он тими миллии Тоҷикистон рақибони худро мешиносад. Маросим соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар ҷараёни қуръакашӣ тими миллии Тоҷикистон, ки дар раддабандии ФИФА дар ҷои 115-ум қарор дорад, дар сабади дувум қарор гирифт ва ҳатман дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар як гурӯҳ бо Тайланд, Филиппин, Туркманистон, Кувайт ва Гонконг ҷой мегирад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ шаш гурӯҳ иборат аз чор даста ташкил карда мешавад. Бозиҳои даври гурӯҳии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шакли мутамарказ дар як давр – рӯзҳои 8, 11 ва 14 июн баргузор мешаванд.

Ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 11 даста – шаш ғолиби гурӯҳ ва инчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои беҳтарин дар ҷойи дувум қарор гирифтанд, роҳхат мегиранд.

Бояд гуфт, ки аллакай дастаҳои Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, АМА, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Уммон, Ветнам, Чин ва Қатар ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд.

Таркиби сабадҳо пеш аз қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Сабади 1: Ӯзбекистон, Баҳрайн, Урдун, Қирғизистон, Фаластин, Ҳиндустон.

Сабади 2: Таиланд, ТОҶИКИСТОН, Филиппин, Туркманистон, Кувайт, Ҳонконг.

Сабади 3: Афғонистон, Яман, Мянмар, Малайзия, Малдив, Индонезия.

Сабади 4: Сингапур, Непал, Камбоҷа, Муғулистон, Бангладеш, Шри-Ланка.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив