LIVE

Ҳарифони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2022 муайян шуданд

МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БО ӮЗБЕКИСТОН, БАҲРАЙН ВА ТУРКМАНИСТОН ДАР МАРҲИЛАИ НИҲОИИ ҶОМИ ОСИЁ-2022 БОЗӢ МЕКУНАД 

Бар асоси натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” қарор гирифт, ки дар он бо тимҳои миллии Ӯзбекистон, Баҳрайн ва Туркманистон рақобат хоҳад кард.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуданд. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба даври чорякниҳоии мусобиқа роҳ меёбанд.

Бояд гуфт, ки марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувайт баргузор мешавад.

Натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал:
Гурӯҳи «А»: Кувайт, Ироқ, Таиланд, Уммон.
Гурӯҳи «В»: Ӯзбекистон, Баҳрайн, ТОҶИКИСТОН, Туркманистон.
Гурӯҳи С: Эрон, Лубнон, Тайбэйи Чин, Индонезия.
Гурӯҳи D: Ҷопон, Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив