LIVE

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал

Рақибони тими миллии футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 10 то 12 апрел дар Бишкек баргузор мешавад, муайян шуданд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи ягонаи марказӣ ва ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «В» қарор гирифт. Рақибони дастпарварони Пайрав Воҳидов тимҳои миллии Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал хоҳанд буд.

Дастаҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Малдив дар гурӯҳи “А” қарор гирифтанд.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ мебарояд.

 
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 футзал

Минтақаҳои марказӣ ва ҷанубӣ

Гурӯҳи “А”: Эрон, Қирғизистон, Туркманистон, Малдив.

Гурӯҳи «В»
: Ӯзбекистон, ТОҶИКИСТОН, Афғонистон, Непал.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив