LIVE

Бонувони тоҷик бори аввал дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё ҳакамӣ мекунанд

Духтардоварони тоҷик нахустин бор дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё даъват шудаанд. 
Занҳои довар аз Тоҷикистон - довари ФИФА Нодира Мирзоева (Душанбе) ва ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова (Рӯдакӣ), ки имсол ба рӯйхати доварони Конфедератсияи футболи Осиё шомил шуданд, ба бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои мунтахаби занон таъин гардиданд.
Бори аввал доварони мо дар бозиҳо таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё кор хоҳанд кард. Нодира Мирзоева ва Дилшода Раҳмонова дар бозиҳои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи "D", ки аз 18 то 24 октябр дар Бишкек баргузор мешавад, фаъолият хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив