LIVE

Рақибонони тими футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 маълум мешавад

Имрӯз рақибонони тими футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 маълум мешавад.
Қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал баргузор мешавад, ки дар он тими миллии Тоҷикистон низ рақибони худро пайдо мекунад.  Оғози қуръакашӣ соати 12:00 ба вақти Душанбе.
 Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар минтақаи омехтаи марказӣ ва ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 15 апрел дар Бишкек баргузор мешавад, баромад мекунад.  Аз рӯи  механизми қуръакашии мусобиқаи интихобӣ дар минтақаҳои муттаҳидшудаи марказӣ ва ҷанубӣ ду гурӯҳи чаҳор даста ташкил карда мешаванд.  Мунтахаби Тоҷикистон дар  сабади дувум дар баробари мунтахаби Қирғизистон ҷой гирифт.
Бар асоси натоиҷи марҳилаи интихобӣ аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин аз минтақаи ҷанубӣ ва марказӣ ба финали Ҷоми Осиё-2022, ки аз 25 сентябр то 20 октябр дар Кувайт баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 
 Минтақаҳои марказӣ ва ҷанубӣ
Сабади 1: Эрон, Узбекистон.
Сабади 2: Қирғизистон, ТОҶИКИСТОН.
Сабади 3: Туркманистон, Афғонистон.
Сабади 4: Непал, Малдив.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив