LIVE

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҳарифони худро дар Ҷоми Осиё-2022 муайян сохт

Дар Тошканд қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23) баргузор шуд, ки дар он тими миллии Тоҷикистон низ рақибони худро шинохт.

Бар асоси натоиҷи қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, шонздаҳ даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуданд. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи D қарор гирифта, бо тимҳои миллии Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷопон бозӣ мекунад.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро  идома дода, ҷуфтҳои чорякфиналиро ташкил медиҳанд. Дар сурати аз гурӯҳ баромадан дар даври 1/4 финал, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “С” – Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам ё Малайзия бозӣ мекунад.

 Натиҷаҳои қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):

Гурӯҳи “А”: Ӯзбекистон, Эрон, Қатар, Туркманистон.

Гурӯҳи «В»:
Австралия, Урдун, Ироқ, Кувайт.

Гурӯҳи «С»
: Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия.

Гурӯҳи D
: Арабистони Саудӣ, АМА, Ҷопон, ТОҶИКИСТОН.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив