LIVE

Мунтахаби Тоҷикистон (U-23) шомили сабади чоруми қуръакашии Ҷоми Осиё-2022

Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати пурраи сабадҳоро барои қуръакашии ниҳоии Ҷоми Осиё (U-23) муаррифӣ кард. Маросими қуръакашии ин мусобиқа 17 феврал баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), ки дар Ҷоми Осиё нахустин бор бозӣ мекунад, дар сабади чаҳорум қарор гирифт ва дар қисми ниҳоии мусобиқот яқинан дар як гурӯҳ бо Малайзия, Кувайт ва Туркманистон рақобат намекунад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чаҳор гурӯҳ иборат аз чор дастаӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбад.

Қобили зикр аст, ки қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23), тибқи тақвими КФО, аз 1 то 19 июн дар Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

 
Таркиби сабадҳо барои қуръакашии даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):

Сабади 1.: Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Австралия.

Сабади 2.: Урдун, Таиланд, АМА, Эрон.

Сабади 3.: Ироқ, Қатар, Ветнам, Ҷопон.

Сабади 4.: ТОҶИКИСТОН, Малайзия, Кувайт, Туркманистон.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив