LIVE

Санаи баргузории қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 маълум шуд

Конфедератсияи футболи Осиё санаи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023-ро эълон кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 24 феврал рақибони худро дар гурӯҳ пайдо мекунад. 

Конфедератсияи футболи Осиё инчунин раванди қуръакашии бозиҳои интихобиро эълон кард. Пас аз нашри раддабандии охирини ФИФА қуръакашии даври интихобии Ҷоми Осиё-2023 тартиб дода мешавад. Тибқи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи 24 феврал баргузор мешавад, шаш гурӯҳ иборат аз чаҳор даста ташкил мешавад. Бозиҳои даври гурӯҳии интихобӣ дар шакли мутамарказ дар як давр – рӯзҳои 8, 11 ва 14 июни соли оянда баргузор мешаванд.

Ёздаҳ даста ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳхат мегиранд - шаш ғолиби гурӯҳ ва инчунин панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷои дуюмро ишғол мекунанд.

Дар мусобиқаи интихобӣ 24 даста барои роҳхат ба финали Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебаранд. Ба ҷуз аз Тоҷикистон ҳамчунин Ӯзбекистон, Урдун, Қирғизистон, Баҳрайн, Фаластин, Ҳиндустон, Таиланд, Филиппин, Кувайт, Туркманистон, Мянмар, Ҳонконг, Яман, Афғонистон, Малайзия, Малдив, Сингапур, Непал, Муғулистон, Бангладеш, Шри-Ланка мебошанд, Индонезия ва Камбоҷа барои баромадан ба даври ниҳоӣ рақобат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дастаҳои мунтахаби Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Ироқ, Сурия, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Австралия, Уммон, Ветнам, Чин ва Қатар аллакай ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфтаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив