LIVE

Хуан Мата ҳамдастаи Мауро Икарди мешавад

Собиқ бозигари "Манчестер Юнайтед" - Хуан Мата корномаи худро дар тими «Галатасарай» идома медиҳад. Футболбози испанӣ соатҳои наздик барои имзои қарордод вориди шаҳри Истанбул мешавад.
Эҳтимол меравад, ки Мата бо тими истанбулӣ то соли 2023 шартнома ба имзо расонад. Хуан Мата метавонад ба дунболи ҳамлагари ПСЖ Мауро Икарди, ки дар тими туркӣ ба иҷора дода шуд, дуюмин бозигари нав дар ҳафтаи ҷорӣ барои “Галатасарой” шавад.  
Матаи 34-сола дар ҳайати бошгоҳи инглисӣ чаҳор ҷом (Лигаи Аврупо, Ҷоми Лигаи Англия, Ҷоми Англия ва Суперҷоми Англия) ба даст овардааст. Дар 285 бозӣ дар ҳайати даста Хуан 51 гол зада, 47 партофти головар кардааст. Қаблан Мата дар дастаҳои «Челси», «Валенсия» низ бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив