LIVE

“Манчестер Юнайтед” ба даври 4-уми Ҷоми Лига баромад

Дар бозии даври 3-юми Ҷоми Лигаи Англия “Манчестер Юнайтед” бар “Лутон” бо ҳисоби 3 : 0 ғалаба кард. Вохӯрӣ дар Лутон баргузор шуд. Ҳисоб дар охири қисми аввал кушода шуд. Дар дақиқаи 44-ум  Хуан Мата зарбаи 11-метраро ба ҳадаф расонд. Дар охири бозӣ голи дуюмро Маркус Рашфорд ба самар расонид. Ҳисоби ниҳоиро дар дақиқаҳои охири иловагӣ Гринвуд ба самар расонид. Дар даври навбатии Ҷоми Лига “Манчестер Юнайтед” бо ғолиби ҷуфти “Престон Норт Энд” – “Брайтон” ва “Ҳоув Албион” вомехӯрад. “Манчестер Юнайтед” панҷ маротиба ғолиби Ҷоми Лигаи Англия гаштааст. "Астон Вилла" ва "Челси" низ 5 маротибагӣ ба ин дастовард ноил шудаанд. Аз ҳама бештар ҷомро “Ливерпул” (8) ва “Манчестер Сити” (7) ба даст овардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив