LIVE

"Ман.Сити" Фил Фоденро гаронарзиштарин футболбози ҷавон намуд

Нимҳимоятгари мунтахаби Англия Филип Фоден бо  "Манчестер Сити" шартномаи нави дарозмуҳлат ба имзо расонд.

"Шаҳриҳо" то охири ҳафта расман ин хабарро эълон хоҳанд кард.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Фодени 22-сола бо даста то соли 2027 шартнома имзо мекунад. Музокирот чанд моҳ давом кард, тибқи натиҷаҳои он, даромади Фил нисбат ба шартномаи соли 2018 (35,9 ҳазор евро дар як ҳафта) ҳафтуним маротиба афзоиш хоҳад ёфт. "Сити" ба бритониёӣ тақрибан 270 000 евро дар як ҳафта пардохт мекунад. Ҳамин тариқ, Фоден ба яке аз бозигарони ҷавони гаронарзиштарин дар ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Дар мавсими гузашта Фоден дар ҳайати даста 28 бозӣ анҷом дода, 9 гол ва 5 партофти головар анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив