LIVE

Риёд Маҳрез аз "Манчестер Сити" меравад

"Манчестер Сити" ба хулосае омадааст, ки тобистони имсол қарордоди худро бо Риёд Маҳрез бекор намояд.  Ба иттилои манбаъ, раҳбарияти «шаҳриҳо» омодаанд пешниҳодҳои футболбозро баррасӣ кунанд.
Қаблан маълум шуда буд, ки нимҳимоятгари дастаи «Манчестер Сити» Риёд Маҳрез метавонад фаъолияти худро дар Серия А идома диҳад. “Милан” ба вингери «Манчестер Сити» таваҷҷӯҳ дорад. Трансфери эҳтимолии нимҳимоятгари алҷазоирӣ ба “Манчестер Сити” 40 миллион евро арзёбӣ мешавад. Қайд мешавад, ки “Милан”-ро  маоши ин бозигар нигарон кардааст, зеро дар Англия ӯ дар як сол тақрибан 6 миллион евро маблағ мегирад. 
Риёд Маҳрез дар мавсими ҷорӣ дар тамоми мусобиқот дар ҳайати “Манчестер Сити” 43 бозӣ анҷом дода, 23 гол задааст ва 9 партофти головар низ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив