Бозигари "Манчестер Сити" Риёд Маҳрез дастаашро иваз мекунад. Ба иттилои Foot Mercato, ба ин футболбози 31-сола дастаҳои ПСЖ ва “Челси” таваҷҷӯҳ доранд.Ба гуфтаи як манбаъ, ПСЖ Маҳрезро ба ҷои нимҳимоятгари 34-сола Анхел Ди Мария баррасӣ мекунад. Парижиҳо аллакай кӯшиши бастани шартнома бо футболбози алҷазоириро намудааст. Трансфери эҳтимолӣ 30-40 миллион евро арзёбӣ мешавад. Шартномаи Маҳрез бо «Манчестер Сити» соли 2023 ба охир мерасад. Ба ин футболбоз "Челси" низ мароқ зоҳир намудааст.
Маҳрез дар ин мавсим дар тамоми мусобиқот 33 бозӣ анҷом дода, ба задани 21 гол ва 7 партофти головар даст ёфтааст. Вай рӯзи 10-уми июли соли 2018 аз дастаи «Лестер Сити» ба «Манчестер Сити» гузашт. “Шаҳриҳо” барои Маҳрез 72 миллион евро маблағ сарф намудааст.