LIVE

Пурарзиштарин футболбоз аз нигоҳи олимон кист?

Маркази байналмилалии таҳқиқоти варзишӣ (CIES) рейтинги гаронарзиштарин футболбозон аз топ 5 чемпионати Аврупоро нашр кард.
Тибқи он бо арзиши 166,4 миллион евро бозигари ҷавони «Реал» - Винисиус Жуниор дар зинаи аввали феҳрист қарор гирифт.  Баъд аз футболбози бразилӣ Филип Фоден аз «Манчестер Сити» 152,6 миллион евро қарор гирифт. Ҳамлагари «Боруссия Дортмунд» Эрлинг Ҳолланд (142,5 миллион евро) дар зинаи сеюм қарор гирифт. 
Инҳо низ дар даҳгонаи беҳтарини рейтинг ҷойгир шудаанд: 
4. Мейсон Гринвуд (МЮ) – 133,9 миллион евро; 
5. Флориан Виртс («Байер») – 133 миллион евро; 
6. Ҷуд Беллингем («Боруссия» Д.) – 130,1 миллион евро; 
7. Алфонсо Дэвис («Бавария») – 122,3 миллион евро;
 8. Рубен Диас («Ман. Сити») – 120,5 миллион евро; 
9. Педри («Барселона») – 118 миллион евро; 
10. Френки де Йонг («Барселона») – 115,2 миллион евро.
Ҳамлагари «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе дар ҷои 48-ум (71,5 миллион евро) қарор дорад. Лионел Месси (ПСЖ) ва Криштиану Роналду (Манчестер Юнайтед) ба феҳристи тop 100 футболбози пурарзиш дохил нашуданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив