LIVE

Гвардиола: Дар Англия ҳама мехоҳанд «Ливерпул» чемпион шавад

Сармураббии «Манчестер Сити» - Хосеп Гвардиола иброз доштааст, ки дар тамоми Англия ҷонибдори чемпионии «Ливерпул» мебошанд. 
«Як ҳафта пеш ҳеҷ кас фикр намекард, ки мо чемпион мешавем. Ҳама дар ин кишвар “Ливерпул”-ро дастгирӣ мекунанд - ВАО, мухлисон ва дигарон. Албатта, онҳо таърихи бузург доранд, аммо дар Премйер Лига дар 30 соли охир як маротиба ғалаба карданд.
Ҳоло мо бояд дар бораи он фикр кунем, ки чӣ тавр нӯҳ хол ба даст орем, ё шояд шаш хол басанда бошад. Ин аз он вобаста аст, ки дар ду бозии оянда чӣ мешавад. Бозии рӯзи чоршанбе бар зидди “Вулверхэмптон” барои мо як финали воқеӣ аст. Тақдири мо дар дасти худи мост ва ин муҳим аст, - гуфтааст Гвардиола.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив