LIVE

Ҷеррард: Мухлисони "Ливерпул" намехоҳанд, ки ман дастаро роҳбарӣ кунам

Футболбози афсонавии “Ливерпул” ва ҳоло сармураббии “Рейнджерс” - Стивен Ҷеррард ба савол дар бораи таъиноти эҳтимолӣ ба ҳайси мураббии дастаи собиқи худ посух дод.
«Мухлисони “Ливерпул” намехоҳанд, ки ман дастаро роҳбарӣ кунам. Онҳо мехоҳанд, ки Юрген Клопп мураббӣ бимонад ва ман онҳоро дар ин маврид комилан дастгирӣ мекунам. Шумо эҳсос карда наметавонед, ки мо ӯро то чӣ андоза дӯст медорем. 
Мо набояд дар ин бора сӯҳбат кунем, зеро “Ливерпул”-ро ҳоло яке аз беҳтарин мураббиён роҳбарӣ мекунанд. Ман Клоппро дӯст медорам ва умедворам, ки ӯ солҳои тӯлонӣ дар клуб мемонад. Ман дар “Рейнджерс” кор мекунам, аз нақши худ хушҳолам ва фикр намекунам, ки чунин тағйиротҳо ба касе кумак кунанд. “Ливерпул” клуби ман аст. Оё ман рӯзе орзу дорам, ки ба ин даста роҳбарӣ кунам? Бале, ин орзуи ман аст, аммо ҳоло не. Ғайр аз ин, ҳеҷ кас намедонад, ки ман барои кор дар ин дастаи пурбаҳо арздандаам ё не. Ва кӣ гуфт, ки соҳибони даста маро интихоб мекунанд? Ҷаҳон пур аз мураббиён аст. Пеш аз ҳама мо бояд Юргенро, ки кори бебаҳо кардааст эҳтиром кунем. Биёед ӯро дастгирӣ кунем", - гуфтааст Ҷеррард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив