LIVE

Луис Суарес хоҳиши баргаштан ба "Барселона"-ро дорад

Хабарнигор Экрем Конур дар саҳифаи Twitter-и худ хабар додааст, ки ҳамлагари уругвайӣ Луис Суарес метавонад ба "Барселона" баргардад.

Ба иттилои манбаъ, Суарес омодааст, ки дар сурати пешниҳод аз ҷониби «Барселона», маошашро кам кунад.

Қаблан расонаҳо менавиштанд, ки ба Суарес "Интер Майами" ва "Фенербахче" мароқ зоҳир намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Суарес аз соли 2020 дар ҳайати «Атлетико Мадрид» бозӣ мекунад ва аз «Барселона» ба маблағи 7 миллион евро гузашт. Дар мавсими имсола ҳамлагар дар 32 бозии чемпионати Испания ширкат карда, 11 гол ва 2 партофти головар кардааст. Transfermarkt ҳамлагарро 10 миллион евро нархгузорӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив